Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 595
    06.02.2023
    Кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани...

    Вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт

                                                                    

    изображение_viber_2023-02-08_14-27-55-035.jpg

    Кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани вохӯриҳо ҷиҳати шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф корбариро роҳандозӣ намуданд.

    Дар маҷмӯъ, дар чор муассисаи таълимӣ - муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  № 2, № 17, № 36 ва № 65-и ноҳияи Ашт бо хонандагону омӯзгорон вохӯриҳо гузарониданд. Дар рафти вохӯриҳои мазкур оид ба ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ, эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ба иштирокдорон маълумот пешниҳод гардид.