Омӯзиши муҳтавои Паём бо иштироки намояндагони мақомоти роҳбарикунанда ва кормандони соҳавӣ
3 феврали соли 2023 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Агентии обуҳавошиносӣи Кумитаи мазкур ҳамоиши сатҳи баланд оид ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти роҳбарикунанда, аз ҷумла Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадраҳим Юсуфӣ ва Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, инчунин роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ, дигар кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист иштирок намуданд.
Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯзҳо вобаста ба нуктаҳои Паём дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он дар ҷойҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Ҳар як нуқтаи Паём барои таҳким бахшидани соҳаҳои гуногун ва дар умум дар беҳтару хубтар гаштани сатҳи некуаҳволии мамлакат равона гардидааст.
Нотиқон зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки Паём ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ҳисоб меёбад, он тамоми фаъолияти давлатии кишварамонро таҳлилу ҷамъбаст намуда, вазифаҳои минбаъдаи рушди Ватани азизамонро муайян менамояд.
Дар қисмати охири чорабинӣ барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва маърифати экологӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Сипосномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо Ифтихорномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, як қатор кормандони Кумита низ бо ифтихорномаҳои Федератсияи мазкур мушарраф гардиданд.