Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
30 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баходур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор гашт. Тибқи тартиби кори ҷаласа, пас аз баромади ҳисоботи таҳлилии сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти сохторҳо масъалаҳои ҷории соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳафтаина ҳисоботи сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назаорат Салимзода Ш., оид ба рафти иҷрои мактубҳои назоратӣ, дигар ҳуҷҷатҳои муҳлати иҷрояшон наздикбуда шунида шуд.
Раиси Кумита масъалаҳои ҷориро аз масъулони соҳавӣ пурсон шуда, бо назардошти пурсиш ва супоришҳо, таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.