Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар соли 2022
Мутобиқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2023, №26/10-21, санаи 31 январи соли 2023 дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорон оид ба фаъолияти Кумита ва зерсохтори он дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотии Кумита намояндаи Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар иштирок намуд.
Ҳамзамон, хабарнигорон аз шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои сомонавию чопӣ ва овозии давлативу мустақил иштирок карданд.
Дар оғози нишаст аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба самтҳои муҳимтарини фаъолияти соҳавӣ, аз ҷумла рафти иҷрои Нақшаҳои амал, барномаҳои давлатию соҳавӣ, пешбурди назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, амалигардонии чорабиниҳои дигари соҳавӣ ба таври фишурда маълумот дода шуд.
Сипас, дар бахши саволу ҷавоб хабарнигорон бештар ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла корҳои омодагӣ оид ба қабул гардидани пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ роҷеъ ба соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳаёвоноту парандаҳои куҳӣ, вазъи боду ҳаво дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ҳолати партовгоҳҳо дар ҷойҳо, ҷамъоварӣ ва безараргардонии фурӯзонакҳои симобдори аз истифода баромада, вазъи гуногунсамтии экологӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саволҳо пешниҳод намуданд.
Дар Нишасти матбуотӣ раиси Кумита Шерализода Б. А., муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С., муовини раис Мавлодод А. Қ., масъулони сохторҳои дахлдори соҳавии Кумита ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.