Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 637
    Минбаъд сокинони кишвар метавонанд дар бораи ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

    992777162275 (WhatsАpp ва Telegram): телефони боварии Кумита шабонарӯзӣ фаъолият мекунад

                                                 

    Минбаъд сокинони кишвар метавонанд дар бораи ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба қабулгоҳи ҷамъиятии экологӣ хабар диҳанд.

    Яке аз каналҳои дастраси муошират бо масъулони соҳави ин паёмрасонҳои телефони боварӣ мебошад. Бо Вотсапп ва Телеграм бо шумораи +992 (77) 716-22-75 Шумо метавонед ба таври шабонарӯзӣ (аз ҷумла рӯзҳои истироҳат) паёми худро ирсол намоед.

    Ҳангоми ирсоли маълумот ба мессенҷерҳои мазкур ҳатман маълумотҳои алоқаи худро (нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият), суроғаи дақиқ ва пурраи қонунвайронкунии сабтшуда (акс ё видео бо сифати беҳтар), рақами телефони тамоси худро (дар ҳолати фарк намудани рақами мессенҷер бо рақами тамос) то ки мутахассисон дар ҳолати зарурӣ барои аниқ кардани маълумот бо Шумо тамос гиранд. Маълумоти шахсии Шумо махфӣ боқӣ мемонад.

    Ба рақами телефони зикршуда тариқи WhatsApp ва Telegram мавод фиристед, аз ҷумла дар бораи далелҳои мавҷуд будани партовҳои худсаронаи маишӣ, далелҳои бе иҷозат буридани дарахтон, бесифат тоза кардани ҳудуд, дар бораи «мошиншӯйҳои» дар ҷойҳое ғайри мақсаднок ва ғайра.

    Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар доираи муроҷиати шаҳрвандон рейдҳои фаври ташкил намуда, мушкилоти мавҷударо дар доираи ваколатҳои худ ва тибқи тартиби муқараргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист барраси менамоянд. 

    Дар нигоҳдоштани ҳифзи муҳити зист ва саломатии худ ки ба масъалаҳои экологӣ вобастаанд бе тараф набошед! 

    Маркази ахбори экологӣ