Ҳифзи парандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Спитамен
Амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» дар ноҳияи Спитамен бо маром идома дорад.
Бо мақсади таъмини хӯроки иловагӣ барои парандагоне, ки бисёр ҷамъ мешаванд дар ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳия, қадди соҳили дарёи Сир, дар маҷмӯъ 200 кг гандум ва 100 кг маккадона пошида шуд.
Амалиёти мазкур аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони ташкилоти «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон»-и ноҳия баргузор гардид.