Вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент
Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент нақшаи чорабиниҳои шуъбаро оид ба гузаронидани вохӯрӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ намудаст.
Бо чунин мақсад, кормандони шуъба дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати шаҳраки Суғдиён, №85-и деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ, № 4-и ҷамоати деҳоти Саразм, №81-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош ва № 15-и шаҳр бо хонандагону омӯзгорон вохӯриҳо гузарониданд.
Ҳамзамон, дар рафти ин вохӯриҳо дар баробари шарҳ додани муҳтавои Паёми навбатӣ оид ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ таъкид карда шуд.