Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ховалинг
Дар асоси супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 то 23 январи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг бо сабаби сардии ҳаво корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Дар ин рӯзҳои сарди зимистон аз ҷониби масъулони соҳа ба миқдори зарурӣ 360 кг гандум, 250 кг кунҷора, 50 кг ҷав ва 350 кг бедаи хушк дар мавзеъҳои ҷамъшавии ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дон пошида шуд.