Баргузории семинари омӯзишӣ барои муҳокимаи татбиқи Саҳмҳои Миллии Муайяншуда (СМҲ) ва таҳияи нақшаи маблағгузории иқлим дар Тоҷикистон
26 январи соли равон бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси» семинари омӯзишӣ оид ба татбиқи Саҳмҳои Муайяншудаи Миллӣ ( NDC) ва таҳияи нақшаи маблағгузории иқлим дар Тоҷикистон.
Чорабиниро Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шанни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки Осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.
Қиёмзода Зарафо дар суханронии ифтитоҳии худ дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, саъю кӯшиш ба татбиқи Созишномаи Париж, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва аҳамияти Конвенсияи миллии қабулшударо хосатан қайд намуд. Инчунин, оид ба Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд.
Намояндагони вазоратҳои калидӣ аҳамияти СМР-ро дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, самтҳои афзалиятнок ва эҳтиёҷоти СМР-ро баррасӣ намуда, манбаъҳои эҳтимолии маблағгузории иқлимро муайян намуданд.