Намоиши филми мустанади “Мероси заҳрнок”
20 январи соли ҷорӣ дар Маркази фарҳангии “Бактрия”-и шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалии дахлдор ва рӯзноманигорон нусхаи мусавадаи филми мустанад оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ (ИУО) зери унвони “Мероси заҳрнок”, ки аз ҷониби аҳли эҷодии ҶДММ “Вечерний Душанбе” таҳия гардидааст, барои тамошо пешниҳод гардид.
Пеш аз намоиши филм директори генералии ҶДММ “Вечерний Душанбе” Гулнора Амиршоева зимни сухани ифтитоҳиаш ба роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати мусоидат ва ҳамкории судманд дар тайёр гаштани ин филм изҳори сипос намуд. Директори МД “Маркази миллии иҷрои уҳдадориҳои конвенсияи Стокголм оид ба ИУО” А. Ҷӯраев дар суханронии худ ёдовар шуд, ки солҳои пешин махсусан дар давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ барои ҳосили хуб гирифтан ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ заҳрхимикатҳо ва маводҳои химиявии сахттаъсир бемайлон истифода бурда мешуданд.
Пеститсидҳо, аз ҷумла пеститсидҳои хлороорганикӣ, ки ба ИУО мансубанд, солҳои 80-90- уми асри гузашта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар давлатҳо ба таври муттамарказ бо ҳисси баланди масъулият бобати нигоҳдорӣ, истифодаи самаранок ва ҳисоби аниқ аз тарафи РПНО «Таджикселхозхимия» ворид мегаштанд. Айни замон пеститсидҳои мансуб ба ИУО содирот ва воридот намешаванд.
Филми “Мероси заҳрнок” дар бораи объектҳои захролудкунандаи Тоҷикистон бо доруҳои куҳнашуда, ки аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба мо мерос мондаанд, бахшида шудааст. Ин партовҳо дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон хатари ҷиддӣ ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мерасонад. Филми таҳиянамудаи аҳли эҷодии ҶДММ “Вечерний Душанбе” барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ ва маърифати экологии ҷомеа равона гардидааст.