Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара
19 январи соли ҷорӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо ҷамъи шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Исфара баҳри пешгирӣ ва ҳифзи ҳайвонот ва парандагони нодир дар вақти сармои зимистон аз талафёбӣ дар минтақаи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Дар раванди чорабинии мазкур ба миқдори 750 кг дон ва хӯрокаҳои парандагон, 20 адад баста беда, 100 кг намак ва хӯрокҳои дагар дар ҷойҳои ҷамъшавии ҳайвоноту парандагон пошида шуд.