Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Тибқи супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон 13 ва 16 январи соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти Султонобод ва Эсанбой бо иштироки кормандони шуъба ва сокинони ҷамоатҳо корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 50 кг гандум, 400 кг хокшок ва бастаи алаф, ва 100 кг ҷуворимаккаи дон истифода бурда шуд.