Иштироки раиси Кумита дар маъракаи ниҳолшинонӣ
Санаи 7 январи соли равон дар мавзеи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Куммитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур ва кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба миқдори 600 бех ниҳолҳои навъи санавбар шинонида шуд.
Дар ин зимн, иттилоъ медиҳем, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди МД “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4715 бех ниҳолҳои навъи санавбар шинонида мешавад. Шинонидани ниҳол дар ин минтақа оғоз гашта, то поёни мавсими ниҳолшинонӣ тибқи нақша ниҳолҳо ба пуррагӣ шинонида мешаванд.
Дар ин баробар, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иловатан дар талу теппаҳои Лучоб, Обшорон, Гулдара ба миқдори 2000 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонад.
Ногуфта намонад, ки бо дастури раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои 2021-2022 дар боғҳои фарҳангу фароғатии “Боғи Ҷавонон”, “Кули Ҷавонон”, “Боғи Хайём” ва дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё ва Лучоб дарахтони ороишӣ шинонида шуд, ки айни замон дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, пешниҳодоти Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар бораи ба “шаҳри сабз” табдил додани Душанбешаҳр дастгирӣ намуда, дар сарсабзию шукуфоии пойтахт нақши муассир гузошт.