Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба муносибати Соли нави мелодии 2023
Баъди чанд лаҳза соли нави 2023 мелодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Дар соли сипаришудаистодаи 2022 таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо ба дастоварҳои хуб ноил гардид. Яке аз ташаббусҳои гаронариши соли сипаришуда ин аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали муттаҳид қабул гардидани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.
Итминони комил дорам, ки дар Соли нави 2023 пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони аз ин дучанд мегардад ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд.
Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.
Бо таманниёту фараҳмандии афзун тамоми кормандони ҳифзи муҳити зистро ба ин муносибат сидқан табрик гуфта, барои ҳамаи онҳо тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва рӯзгори пурфайзу бобаракати ҳар яки оилаи онҳоро орзу менамоям.
Саломату муваффақ бошед.