Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 860
    26.12.2022
    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб баҳри иҷрои супориши раиси Кумита бо мақсади пешгирии ифлосшавии...

    Пешгирии ифлосшавии кӯли Сарез дар ҳавзаи дарёи Мурғоб                                            


    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб баҳри иҷрои супориши раиси Кумита бо мақсади пешгирии ифлосшавии кӯли Сарез дар ҳавзаи дарёи Мурғоб, воқеъ дар мавзеи Модиён, дар буриши дарё симтур ба дарозии 40 метр ва паҳноии 75 см насб намудааст.

    Ин иқдом бо мусоид омадани вазъи боду ҳаво ва кушода шудани роҳҳои автомобилгард дар дарёчаи мавзеи Бозордараи ноҳияи Мурғоб низ дар назар дошта шудааст. Дар давраи сармо дар ин мавзеъ давраи яхбандӣ буда, охирҳои моҳи майи соли 2023 анҷоми ин кор имконпазир аст.

    Бо назардошти он, ки минтақаи кӯли Сарез мавзеи ҷалби сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад, ташаббуси мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ҳифзи объектҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст.

     image-30-12-23-11-23-7.jpeg image-30-12-23-11-23-12.jpeg image-30-12-23-11-23-2.jpeg image-30-12-23-11-23-4.jpeg