Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
27 декабри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи дуюми Комиссияи байниидоравӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ бо иштироки муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо, аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо – муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд.
Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар соли 2022 ва аз рӯзи қабули «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид. Бо маърӯзаи асосӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А.Қ., ҳамчун муовини раиси комиссияи вилоятӣ сухан карда, дар бораи корҳои ба сомон расонида, камбудию муаммоҳои ҷойдошта маълумот пешниҳод намуд.
Ҳангоми пурсиш дар бораи фаъолият бобати татбиқи Барномаи давлатӣ муовинони сардорони Раёсатҳои маориф, фарҳанг ва кор бо занон ва оилаи вилоят, намояндаи Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, муовини раиси ноҳияи Айнӣ баромад карда, ҳамчунин аз ҷониби роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд барои пешравии кор пешниҳоди худро баён карданд.
Дар охири ҷаласа бо мақсади вусъат бахшидан ба фаъолияти комиссияи вилоятӣ ва ҳам ба фаъолияти чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят як қатор вазифагузорӣ ба амал омад.