Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Фархор
Бо иқдоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Фархор рӯзи 27-декабри соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо иштироки раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аксияи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур аз тарафи ташкилоту муассисаҳо 10-бех ниҳоли павлония, 10 бех ниҳоли клён, 500 бех гули садбарг ва 1600 дона пиёзаки гули лола шинонида шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ноҳия идома дорад.