Баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
24 декабри соли ҷорӣ дар "Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Тоҷикистон"-и ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳраки Бӯстон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар худуди шаҳрак ва боғи Фарҳангию фарогатии "Тоҷикистон" зиёда аз 950 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкани, ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ 2500 бех ва пиёзаки гули лола 6400 дона шинонида шуд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., ҳамчунин кормандони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва шаҳрвандон иштирок намуда, ниҳол шинониданд.
Аксияи мазкур дар асоси қарори раиси вилоят "Дар бораи таъсиси ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят барои соли 2022" доир гардид.