Аксияи “Тозагии соҳил” дар назди дарёи “Душанбе”
24 декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” дар ҳудуди дарёи “Душанбе” аксияи “Тозагии соҳил” ташкил ва баргузор гардид. Дар аксияи мазкур намояндагони Кумита ва ташкилоти болозикр, инчнуни ризокорони назди Кумита иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин аксия, пеш аз ҳама, тоза намудани соҳилҳои дарёҳову каналҳои аз ҳудуди ноҳияҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузари шаҳри азизам буда, иштироки фаъолонаи ризокон далели бевоситаи таваҷҷӯҳи онҳо ба масъалаҳои тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.
Ҳангоми тоза намудани соҳили дарё, иштирокчиён бо дастпушаку ниқобҳо ва халтаҳои махсус барои ҷамъоварии партовҳо таъмин гаштанд. Дар натиҷа 13 халтаҳо пур аз партовҳои ҷамъоварда шуда, бо воситаи як адад нақлиёти боркаш ба партовгоҳои минтақавӣ интиқол дода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҷалби ҷавонону наврасон дар чунин маъракаҳои экологӣ, ин баланд бардоштани маърифатнокии экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинии онҳо буда, барои ҳарчанд тозаву зеботар гардонидани пойтахти азизамон нақши муҳим мебозад.