Аксияи экологии “Тозагии ҳаво” дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва амалисозии тадбирҳо бобати роҳ надодан ба ифлосшавии муҳити атроф Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани ҳавои атмосфера ва бо роҳандозӣ намудани аксияҳои экологии “Тозагии ҳаво” қонуншиканиро дар ин самт пешгирӣ намуд.
Дар аснои гузаронидани аксияи экологии “Тозагии ҳаво” маълум гардид, ки ронандагон ба қоидаҳои амалкунанда дар самти ҳифзи муҳити зист аҳамият надода, ҳангоми ҳамлу нақли боркашонӣ боиси ифлос гардидани кӯчаҳо мегарданд.
Ба иттилои расмӣ дар соли равон аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт барои ифлос кардани роҳҳо 14 протокол, барои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 1466 ҳолат ва 189 ҳолати беболопӯш интиқол додани маводҳои пошхӯранда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт дар ҷараёни баргузории аксия аз ҷониби мутахассисон маълум гардид, ки заҳрнокии партови сӯзишвории нақлиёт (СО2) аз меъёр зиёд буда, нисбати ронандагон протокол тартиб дода, барои чораҷӯи ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
Ногуфта намонад, ки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар соли равон 5 маротиба аксияи экологии “Тозагии ҳаво”-ро дар таъмини тозагии ҳавои атмосфера роҳандозӣ намуда, нисбати қонуншиканиҳои ошкоршуда чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.