Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади иҷро намудани нақшаи кабудизоркунӣ 16-17 декабри соли 2022 дар ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши мазкур ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ зери шиори “ Мо ватанамонро сарсабзу хуррам мегардонем” бо иштироки васеи аҳолии ҷамоати шаҳрак 200 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ва 200 бех сояфкани тирак шинонида шуд.
Ҳамзамон дар атрофи заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо мақсади рушди соҳаи кирмакпарварӣ 500 бех ниҳолҳои тут шинонида шуд.