Тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита
Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори Сарраёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисон доир ба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Бо ин мақсад дар назди нишастагон роҳбари Маркази обу ҳавосанҷӣ дар вилоят Ҳомидов А. баромад намуда, оид ба пиряхҳои Тоҷикистон ва вазъи имрӯзаи онҳо, дарёҳои калонтарин ва дар бораи санаи 14 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қабул гардидани қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, маълумот дод.
Қайд гардид, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Ҳамзамон, аз оғози соли 2025 минбаъд, ҳар сол таҷлили 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз тарафи кормандони Сарраёсат якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.