Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 859
    23.12.2022
    Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори Сарраёсат тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат...

    Тамошои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд                              

    IMG_20221223_100233.jpg

    Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори Сарраёсат тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид.

    Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

    Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он дар таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд. Минбаъд, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми навбатӣ гузошташуда, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят тамоми имконияту захираҳоро истифода намуда, барои амалии пурраи онҳо тадбирҳои заруриро меандешанд.