Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 879
    22.12.2022
    22 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Тартиби таҳияи...

    Семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Тартиби таҳияи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии соҳавӣ»                                        

    22 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари бозомӯзӣ дар мавзуи «Тартиби таҳияи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии соҳавӣ дар мақомоти давлатӣ ва мониторинги иҷрои онҳо» баргузор гардид. Семинари бозомӯзиро муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев оғоз бахшида, чорабинии мазкурро дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили маълумотнокии ба хусус ҷавонон маънидод намуд.

    Сипас, аз ҷониби муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кукмита Қосимова Г. мавзуи болозикр ба тариқи рӯйнамо муфассал шарҳу маънидод карда шуд.

    Дар қисмати дигари семинари бозомӯзӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, саволдиҳандагон ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мавриди назар аз ҷониби баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

    DSC_1109.jpg DSC_1115.jpg DSC_1116.jpg