Тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита
23 декабри соли 2022 кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман тамошо карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар баробари соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ба масъалаҳои экологӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Аз ҷумла, қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, барои пешгирӣ аз гармшавии глобалӣ ба тамоми ҷаҳон, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар ин тадбир мусоидат мекунад.
Кумита чун дигар мақомоти ҷумҳурӣ ҳар сол барои иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ нақшаи чорабиниҳо қабул мекунад.