Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 811
    22.12.2022
    22 декабри соли 2022 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъятии “Кӯдакон...

    Семинар тренинг дар мавзуи “Муҳити зисти тоза барои кӯдакон ва наврасон”                                      

    22 декабри соли 2022 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” дар меҳмонхонаи “Азия-Гранд” дар ш. Душанбе семинар тренинг дар мавзуи “Муҳити зисти тоза барои кӯдакон ва наврасон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумита, ризокорони назди Кумита ва ташкилоти болозикр иштирок намуданд.

    Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии намояндагони Кумита ҳусни оғоз гардида, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мушкилоти экологӣ, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ва таъсири он ба саломатии аҳолӣ, алхусус ба кӯдакону наврасон ҷалб намуд.

    Сардори шуъбаи барномасозии компютерии Маркази ахбори экологӣ, тарғиботи Кумита Раҷабов А. оид ба ҷараёни иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои Нақша чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Таъсири муҳити зист ба аҳолӣ” ва сардори Маркази Орхуси ш. Душанбе Яқубов Ҷамолиддин оид ба Нақши ҷавонон дар беҳдошти муҳити зист тариқи рӯйнамо муфассал баромадҳо намуданд.   

    Дар қисмати дигари барнома ба иштирокчиён пурсишномаи экологӣ тақсим гардид, ки аз ҷониби онҳо пурсишномаҳои мазкур пур карда шуданд.

    Инчунин, иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба пешгирӣ аз проблемаҳои экологии имрӯзаро баррасӣ намуда, хулосагузорӣ намуданд.

    Дар охир вобаста ба масъалаҳои мазкур иштирокдорон ба таври саволу ҷавоб ва ҳосил намудани ҳусни тафоҳум барои пешгирии мушкилоти экологӣ ва кам кардани партовҳои пластикӣ маълумоти фаровон бардошт намуданд.

    DSC_1047.jpg DSC_1085.jpg DSC_1076.jpg DSC_1094.jpg

     DSC_1095.jpg