Ҷаласаи машваратӣ оид ба “Дастгирии татбиқи саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон”
21 декабри соли 2022 дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ оид ба “Дастгирии татбиқи саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мавриди назар намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист, вазорату идораҳои марбута, Бонкии Осиёигии Рушд иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ масъалаҳо дар бораи тадбирҳои миллӣ ва фаъолияти Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият дар самти тағйирёбии иқлим, лоиҳаҳо ва консепсияҳои системаи мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва мувофиқакунонӣ, вобаста ба масъалаҳои идоракунӣ, мубодилаи маълумот, омӯзиш, системаҳо ва воситаҳо, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.