Пурсишномаи марҳилавии экологӣ натиҷагирӣ карда шуд
Тибқи иҷрои бандҳои 5 ва 6 “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки ин гузаронидани пурсиши экологӣ байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ мебошад натиҷагирӣ карда шуд.
Бинобар ин, дар сомонаи расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи махсус вобаста ба паҳн кардани саволнома оид ба муайн намудани доинишҳои экологии шаҳрвандон ташкил карда шудааст. Вобаста ба интишори ҷавобҳои шаҳрвандон ба саволномаи экологӣ мониторинг гузаронида шуда, ҳарсола натиҷагирӣ карда мешавад.