Оғози ҳамкориҳо бо Бонки Осиёгии рушд дар самти гуногунии биологӣ
17 декабри соли 2022 вохӯрии намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хиаоҳонг Янг, намояндаи Раёсати рушди устувор ва тағйирёбии иқлими Бонки Осиёгии Рушд дар доираи Конфронси 15-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори тақвияти ҳамкориро дар самти гуногунии биологӣ изҳор доштанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки Бонки Осиёгии Рушд дар баробари амали гаштани лоиҳаҳо дар самти тағйирёбии иқлим изҳор дорад, то лоиҳаҳоро дар самти гуногунии биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намояд ва дар ин самт давоми соли 2023 корҳо оғоз мегарданд.
Инчунин, қайд гардид, ки дар ҳошияи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, корҳо дар ин самт бо дарназрдошти гуногнии биологӣ дида мешаванд.