Сегменти сатҳи баланди Конфронси 15-уми Тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ
Аз 15 то 17 декабри соли 2022 Сегменти сатҳи баланди Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ бо паёми видеоии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар шахсони мансабдори баландпоя, аз Ҳукумати Канада ва Созмони Милали Муттаҳид ба кори худ оғоз кард.
Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Сегменти сатҳи баланд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба аҳамияти қабули Чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ ва ба инобат гирифтани ҷузъҳо, аз қабили молия, иқтидор ва интиқоли технология изҳорот намуд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои глобалии ба миёнгузошташуда саҳм ва кӯмаки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварҳои дар ҳолати гузариши иқтисодӣ қарордошта ба маврид аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои уҳдадориҳои худ дар доираи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ ҳифзи 30 фоизи заминҳо, минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро васеъ менамояд. Ҳамин тариқ, аз 2,8 фоизи соли 1991 ҳудуди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар кишвар то 22 фоизи тамоми қаламрави кишвар дар соли 2021 васеъ карда шуд.
Дар охир намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки бо ҷалби захираҳо, афзоиши дастрасӣ ва нақшаи дақиқи маблағгузорӣ дар самти гуногунии биологӣ ва суръат бахшидан ба пешрафт дар татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, бахусус ба кишварҳои дорои иқтисоди дар ҳоли гузаришбуда таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад.