Озмуни экологии «Мо дӯстдори табиат» байни кӯдакон натиҷагирӣ шуд
Дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ №1-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Мо дўстдори табиат» бо иштироки сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист Азиз Ғуфронзода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов ҷамъбаст карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки озмуни «Мо дўстдори табиат» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бахшида ба ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" гузаронида шуда, ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.
Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд.
Баъди омӯзиш ва баррасӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамот аз миёни иштирокдорон 32 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ғолиб дониста, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд.
Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи иҷрои бандҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади тарбия ва маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хоҳиши устуворӣ, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ сурат гирифта, дарки афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.