11 декабр – Рӯзи байналмилалии кӯҳсор
12 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳарии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ду ҳафтаи аввали моҳи декабри соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. пас аз шунидани ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуда, таваҷҷуҳи масъулони соҳавиро барои ҷамъбасти ҳамаҷонибаи самтҳои соҳавӣ, аз ҷумла иҷрои дастуру супоришҳо, барномаю стратегияҳо, нақшаҳои корӣ ва ғайра дар ҳисоботи солонаи 2022 ҷалб намуд.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.