Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик 2 нафар шаҳрвандон ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд боздошт гардиданд.
Дар минтақаи Шўркўли обанбор сокини шаҳри Хуҷанд Турсунов Рустам бо 20 метр тӯр ва қаиқи резинӣ, ҳамзамон сокини ноҳияи Б.Ғафуров Шарипов Мирзоилҳом бо 20 метр тӯр боздошт шуда, олотҳои моҳидории мазкур мусодира карда шуданд. Нисбати ин ду нафар бо дастрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд.
Амалиёти назоратӣ дар минтақаи Қўқуроқи обанбори Баҳри Тоҷик идома ёфта, дар натиҷа 150 метр тўрҳои бесоҳиб ошкор гардид ва несту нобуд карда шуд.
Боиси қайд аст, ки аз дохили тўрҳои нафарони боздоштгардида ва тӯрҳои бесоҳиб 5 сар суфмоҳӣ ва 14 сар нуқрамоҳӣ, дар маҷмӯъ 19 сар моҳии ғайриқонуни сайдшуда ошкор гардидааст.
Дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ нозирони шуъбаи Сарраёсат мунтазам назорати давлатиро дар баробари баргузории корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор амалӣ менамоянд.