Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 610
    03.12.2022
    Бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»...

    Ташкил ва гузаронидани лагери зимистонаи экологӣ дар шаҳри Гулистон                      

    IMG_20221203_162406.jpg

    Бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чорабиниҳои гуногунро якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам мегузаронад, ки онҳо дар дарки маърифати нав дар соҳаи ҳифзи муҳити зист саҳми арзанда гузошта, минбаъд ба ҳалли муаммоҳои экологӣ мусоидат менамоянд.

    Боиси қайд аст, ки баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ яке аз равандҳои асосӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, дар самти мазкур бисёр корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Оғоз аз санаи 30 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон лагери зимистонаи экологӣ ташкил ва гузаронида шуд.

    Дар лагери экологии мазкур донишҷӯён, ҷавонон, журналистони ҷавон, фаъолони экологӣ, блогерон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ аз вилоятҳои Суғду Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ҳамагӣ 21 нафар иштирок доштанд. Дар давоми се рӯз ба иштирокдорони лагер коршиносону мутахассисони Сарраёсат, устодони Донишгоҳҳои олӣ, намояндагони ВАО, дигар нафарони бо журналистика ва омодасозии лоиҳаю наворҳои иҷтимоӣ вобаста дар мавзӯҳои гуногун маълумот пешниҳод намудан. Дар рӯзи чорум, 7 даста аз ҳисоби иштирокчиён лоиҳаҳои хурди омодагардидаро ба аъзоёни ҳакамон пешниҳод намуданд. Дар интиҳои лагери экологӣ ба ҳамаи иштирокдорон сертификат супорида шуд.

    Қайд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинии болозикр дар доираи Лоиҳаи «Паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор» ва бо дастгирии Сафорати Иёолоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.