Семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд””
7 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари навбатӣ дар мавзуи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”” баргузор гардид.
Семинари бозомӯзиро муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Нурулло оғоз бохшида, сипас мавзуи мавриди назар аз тарафи корманди Кумита Боронова М. шарҳ дода шуд.
Қайд карда шуд, ки қонуни мазкур аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, мақсад аз қабули он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Дар рафти баргузории семинари бозомӯзӣ аз ҷониби баромадкунанда ҳар як бобу моддаҳои қонуни мазкур ба таври возеҳу равшан муфассал шарҳ дода шуд. Дар қисмати дигар саволу ҷавоб сурат гирифта, дар ин асно алоҳида иштирокдорон баромад намуда, баргузории чунин семинарҳоро ба манфиати оила, мактаб ва ҷомеа арзёбӣ намуданд.