Баргузории аксияи экологӣ дар мавзуи "Ба пластика не бигӯ"
Ҳафтаи равон дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги пойтахт -"Сиёма" бо иштироки волонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи "Ба пластика не бигӯ" баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксия волонтёрон - донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи техникии Точикистон байни харидорон доир ба моҳияти мавзуъ викторина гузаронида, барои посухҳои дурусти онҳо халтаҳои аз лиҳози экологӣ безарар тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чорабинии мазкур бо дастгирии якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Дафтари хамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи огоҳонии аҳолӣ варақаҳои иттилоотии "Ҳаёт бидуни пластика гуворост", ки аз ҷониби Маркази Орхуси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии "Илмхона" омода гардидааст, ба харидорон тақсим карда шуд.