Баргузории семинар -тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим
Санаҳои 6 ва 7 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе семинар -тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Семинар-тренинги мазкур бо сухани муқаддимавии намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид.
Сипас, дар қисматҳои рӯзи якуми чорабинӣ баромадкунандагон дар мавзуъҳои “Навсозии умумӣ дар бораи пешрафти лоиҳаҳои татбиқшаванда” ва “Оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим” ба тариқи маърӯзаю рӯйнамоҳо баромад намуданд.
Дар рӯзи дуюми чорабинӣ мавзуъҳои вобаста ба “Муаррифии харитаи роҳ оид ба ҷалби бахши хусусӣ барои ҷонибҳои манфиатдор” ва “Баррасии имкониятҳои ҷалби бахши хусусӣ ба амалиёти иқлим” мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд.
Зимнан, дар ҳар як қисматҳои мавзуъҳои мавриди назар суолуҷавоб ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ки барои гузоштани қадамҳои ҳамгироёнаи баъдӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои пешбинигардида дар самт мусоидат менамояд.