Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 679
    03.12.2022
    Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон...

    Оғози мавсимии нави ниҳолшинонӣ дар шаҳри Бохтар                   

    Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, баҳри сазовору хотирмон ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат аз тарафи масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зист, дар шаҳри Бохтар мавсими нави ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва гули садбарг оғоз гардид.

    Дар он роҳбарияти шаҳр, кормадони соҳаи маориф, масъулини муассисаҳои таълими ва кормадони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва дигар табақаи ҷомеа дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №16 ва  ҳамчунин, дар боғи истироҳатӣ фароғатии “Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ”-ии шаҳри Бохтар наздики 200 адад дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла санавбар, мажевелник, туйя, инчунин 100 адад гули садбарг шинонида шуд.

    Дар доираи корҳои ободониву кабудизоркунӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шаҳри Бохтар беш аз 12- ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешавад.

    Вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлони шаҳри Бохтар бо мароми тоза идома дорад.

    дигар ла.jpg рафт дарахтшинони.jpgсурат б ш.jpg