Амалиёти назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз ҷониби нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати мазкур дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиёти фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуд. Ҳангоми бурдани амалиёт дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам»-и шаҳри Конибодом аз дохили обанбор беш аз 1 километр тӯрҳои лескагии истеҳсоли Ҷумҳурии Чин ошкор ва бардошта шуда, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят минбаъд низ назорати давлатиро баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ роҳандозӣ намуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор доир карда мешавад.