Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 676
    03.12.2022
    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳои мошингард ва соҳили дарёи Кофарниҳон, дар ноҳияи...

    Баргузории аксияҳои экологӣ ва оғоз бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонии мавсими имсола дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон                     

    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳои мошингард ва соҳили дарёи Кофарниҳон, дар ноҳияи мазкур бо ҷалби васеи кормандони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва сокинони ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аксияҳои экологии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” ташкил ва гузаронида шуд.

    Дар рафти баргузории аксияҳои мазкур ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шафати роҳҳои марказии мошингузари ноҳия аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд. Инчунин, зери дарахтону навниҳолон нарм карда шуда, саҳни даромадгоҳҳои идораҳои маъмурии корхонаву ташкилотҳо ба тартиб дароварда, деворҳои биноҳо рангу бор карда шуд. Партовҳои дар рафти аксияҳои мазкур ҷамъоваришуда ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.

    Ҳамзамон, дар рафти баргузории аксияҳои экологии баргузоршуда бо мақсади иҷрои талаботҳои амри раиси ноҳияи Шаҳритус ба маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои давраи тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 оғоз бахшида шуд. Дар шафати роҳи марказии мошингузари ноҳия ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.