Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 792
    05.12.2022
    5 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва бо иштироки сардорони...

    Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита ва серсохторҳои он дар 11 моҳи соли ҷорӣ                       

    IMG_0391 (1).JPG

    5 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва бо иштироки сардорони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шаҳри Душанбе, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита оид ба натиҷагирии фаъолияти Кумита ва серсохторҳои он дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҷаласа баргузор гашт.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти индавраинаи сорхторҳо ҳисоботи таҳлилии муфассал пешниҳод намуд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатю соҳавӣ, фаъолияти назоратӣ, таҳлили нақшаҳои корӣ ва таъмини иҷрои протоколҳои ҷаласаҳои мушовара, маҷлисҳои ҳарҳафтаинаи роҳбарияти Кумита ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ барои омодагиҳои ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории ҷаласаи мушовара дар соли 2022 ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул гардид, ки барои корбарӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешавад.