Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 734
    01.12.2022
    30 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳафзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ баргузор гардид...

    Семинари омӯзишӣ дар мавзуи  терроризм ва  экстремизм                       

    IMG_0360.JPG

    30 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳафзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Дар машғулияти навбатӣ кормандон, аз ҷумла ҷавонон иштирок намуданд.

    Семинари бозомӯзиро муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Нурулло оғоз бахшида, сипас раиси Шӯрои ҷавонони Кумита Мирзоев Матин тавассути рӯйнамо дар мавзуи “Усулҳои муосири муқовимат бо терроризм ва экстремизм” баромад намуд.

    Ҳангоми шарҳи мавзуъ аз ҷониби Мирзоев М. ҳадаф мақсад, ҷанбаҳои омӯзиш ва қонунгузориҳо дар ин самт ба таври муфассал мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд. Дар охир хулоса карда шуд, ки терроризм ва экстремизм бемории мушкилтабобатшаванда буда, агар сари вақт онро пешгирӣ накунанд дар байни ҷомеаҳо авҷ гирифта, метавонад таъсири номатлуби худро ба мардумони осоиштаи олам расонад.

    Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифта, кормандон ба саволҳои худ аз тарафи маърӯзакунанда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.