Мизи мудаввар доир ба таҳияи нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон
29 ноябри соли 2022 мизи мудаввар доир ба таҳияи нашри нави (сеюми) Китоби сурхи Тоҷикистон бо иштироки 35 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор доир гаридид.
Мизи мудавваро бо сухани ифтитоҳии муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо оғоз намуда, доир ба моҳият ва нақши Китоби сурхи Тоҷикистон дар ҳифзу нигоҳдори набототу ҳайвоноти нодири кишвар сухан ронд. Инчунин, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор доир ба талаботҳо ва тартиби таҳия ва нашри Китоби сурхи Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар рафти муҳокимаронӣ иштирокдорон доир ба таҳқиқу омӯзиши намудҳои набототу ҳайвонот, ҷамъоварӣ ва коркарди маводҳои илмӣ, дараҷабандии намудҳо, омода намудани рӯйхати намудҳои нави зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ва ворид намудани онҳо ба Китоби сурхи Тоҷикистон тибқи талаботҳои Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат муҳокимарониҳо карда шуд.
Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки аз аввали соли 2023 ба омӯзиш ва таҳияи нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз менамоянд.