Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон
Тибқи нақшаи корӣ нозирони шуъбаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд назорати давлатиро дар самтҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои гуногуни миқёси вилоят амалӣ менамоянд.
Бо ин мақсад, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар мавзеи партовгоҳи шаҳри Истиқлол 2 нафар сокини шаҳри Хуҷанд боздошт гардиданд, ки бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон, аз ҷумла саъба машғул буданд.
Нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 208, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд.