АКСИЯИ “ТОЗАГИИ СОҲИЛ” ДАР СЕЛПАРТОИ СВЕРИДЕНКО
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД “Раёсати обёрӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аксияи экологии “Тозагии соҳил”-ро дар ҳудуди селпартои Свериденко доир намуд.
Ҳадаф аз баргузории як чунин аксия, пеш аз ҳама, тоза намудани каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар буда, иштироки фаъолонаи сокинони маҳал далели бевоситаи таваҷҷӯҳи онҳо ба масъалаҳои тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.
Аксия дар селпартои мазкур тавассути техникаҳои Раёсати обёрӣ сурат гирифта, дохили он аз партовҳои сахти маишӣ ва лойқа тоза карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки селпартои Свереденко аз бурриши кӯчаи Бухоро ва Шевченко оғоз ёфта, то селпартои Куйбишев тӯл мекашад. Аз селпартои мазкур ба миқдори 481,16 тонна партов ва лойу гил бароварда шуд.
Гузашта аз ин, дар рӯзи баргузории аксия аз ҷониби нозирони Сарраёсат ба сокинони биноҳои истиқоматии кӯчаҳои Бухоро, Шевченко ва хонандагони МТМУ №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба иҷрои Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе суҳбат гузаронида шуд.