Ҷаласаи сайёри Кумита дар Маркази бозомӯзии ш. Гулистон
Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи сайёри Кумита бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А., сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорат Салимзода Ш., сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумита Раҳимзода Н. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.
Дар ҷаласаи сайёр рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.11.2022, № 626 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», аз 2.06.2011, № 279 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ», аз 2.06.2011, № 280 «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои қарорҳои мазкур дар миқёси вилоят, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунанда супоришҳо дода шуд.