Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита ва сохторҳои тобеи он дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Ба ин муносибат муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон матни табрикоти раиси Кумитаро қироат карда, тамоми кормандони соҳавиро ба ифтихори ин санаи тақдирсози давлатиамон сидқан табрику таҳният намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинии идонаи мазкур муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Шерализода Н., намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Назаров Шаҳбоз ва шоири ширинкалом корманди нашрияи “Садои мардум” оид ба дастоварҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва азму иродаи хастанопазири фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳои пурмуҳтаво намудаанд. Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки имсол 30-сола шуд, саҳифаи заррини таърихи тоҷикон буда, нақши Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу суботи комил, сарҷамъии миллат ва таҳкими пояҳои давлати навини тоҷикон бузургарзиш мебошад.
Рӯзи Президент ҳам қадршиносии халқи шарафманди тоҷик ба заҳматҳои бисёрсолаи ин абармарди роҳи илму донишу хирад ва сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ Пешвои миллат дар асри 21 мебошад.
Дар қисмати дигари чорабинӣ шеърҳои дар васфи Ватан, Истиқлол ва Ваҳдат сурудаи шоири ширинкалом Ворис ба ҳамоиши мазкур ҳусни дигар зам намуд.