Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 765
    14.11.2022
    Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ аз тарафи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Баргузории чорбинии канорӣ дар мавзуи «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии пиряхҳо» дар Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-27)               

    photo_2022-11-15_13-44-17.jpg

    Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ аз тарафи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ чорабинии канорӣ дар мавзуи «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии пиряхҳо» дар павилиони миллӣ, ки аз ҷониби Кумита ташкил гардидааст, дар доираи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор гардид.

    Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

    Чорабинӣ имконият дод, ки дар сатҳи минтақавӣ ва зерминтақавӣ масъалаи ҳифзи пиряхҳои Точикистонро хамчунин манбаи асосии оби тоза дар минтақаи Осиёи Миёна муҳокима гардад. Ичунин ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки хамкориҳо дар самти болозикр идома ёбанд.

    Зимни чорабинии канорӣ олимон, сиёсатмадорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор масъалаи таҳияи муштараки «Харитаи роҳ»-ро бо мақсади таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Агентии обуҳавошиносӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Қобили қайд аст, ки дар чорабинии канорӣ Қурбонзода Абдулло, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Елена Манаенкова, муовини директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Шумаков Игор, сардори Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.