Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 710
    12.11.2022
    12 ноябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур...

    Вохӯрии Шерализода Баҳодур бо ҷаноби Самеҳ Ваҳба дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим               

    IMG_1818.jpg

    12 ноябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Самеҳ Ваҳба дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб вохӯрӣ намуд.

    Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи мазкур Шерализода Баҳодур доир ба раванди ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳо дар самти тағйирёбии иқлим, беҳтарсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва устувории ландшафтҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим изҳори сипос карда шуд.

    Ҷаноби Самеҳ Ваҳба оид ба барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии давлатҳои рӯ ба инкишоф дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишоварҳои рӯ ба инкишоф маълумот пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2021 Нақшаи амал оид ба тағйирёбии иқлим барои 5 сол қабул гардидааст, ки дар доираи он таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани паёмадҳои манфии он пешбинӣ шудааст.

    Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар стратегия ва барномаҳои миллӣ дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ муайян гардидаанд, аз ҷониби раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист пешниҳод карда шуд, ки масъалаи ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ дар доираи Лоиҳаи “Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ (Маблағгузории иловагӣ), Ҷузъи С” баррасӣ карда шавад.

    Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ масъалаи расонидани кумаки техникӣ дар самти мониторинги ҳавои атмсофера мавриди муҳокима қарор гирифт.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. бо мақсади татбиқ гардидани Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ Бонки Ҷаҳониро барои дастгирии татбиқи ҳуҷҷати мазкур даъват намуданд.

    Дар хотима раиси Кумита ҷаноби Самеҳ Ваҳбаро барои боздид намудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муносиб даъват намуда, Самеҳ Ваҳба даъватро қабул намуданд.