Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 717
    11.11.2022
    11 ноябри соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID...

    Баргузории чорабинии канорӣ оид ба “Татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар Осиё: Омӯзиши Ҷанубу-Ҷануб ва оғози CACCI-Осиё” дар Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-27               

    11 ноябри соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) чорабинии канориро дар мавзуи «Татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар Осиё: омӯзиши Ҷанубу-Ҷануб ва оғози CACCI-Осиё» дар Павилиони миллӣ, дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб  баргузор намуданд.

    Чорабинии канорӣ оид ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, аз ҷумла мавзуъҳои омӯзиши Ҷанубу-Ҷануб дар Осиё тавассути равиши USAID CACCI ва нақши шарикии минтақавӣ дар татбиқи тадбирҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст. Инчунин, чорабинии мазкур ба ҷонибҳои манфиатдор имконият дод, ки дар сатҳи минтақавӣ ва зерминтақавӣ масъалаи тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуда, муколамаро бо донорҳои эҳтимолӣ барои тавсеаи минбаъдаи ташаббусҳои амалӣ оғоз намоянд.

    Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур Шерализода Баҳодур, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Пабло Виейра, директори генералии Шарикии NDC, хонум Энн Вон, мушовири калон оид ба тағирёбии иқлим, Бюрои рушди устувор ва амнияти озуқавории USAID, хонум Ясмин Сиддиқӣ, Директори муҳити зист, захираҳои табиӣ ва кишоварзии Бонки Осиёгии Рушд иштирок ва суханронӣ карданд.

      2.jpg 3.jpg